Приветствую Вас Гость • Регистрация • Вход • RSS
Пятница, 17.5.2024, 12:55
http://pravda-pro-kredit.ru/
Главная » 2013 » Март » 5 » Ҷашни родмардони Ватан
13:58
Ҷашни родмардони Ватан
Санаи 22 феврали соли ҷорӣ бахшида ба таҷлилӣ 20-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри русӣ-драммавии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Чкалов тантанаи идона бо ворид гардидани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани суруди миллӣ баргузор гардид. Тантанаи идона бо сухани табрикотии Раиси шаҳр Р. Каримхоҷаева ифтитоҳ гардида, табрикоти Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳир Расулзода аз тарафи Усмонов Қобилҷон Усмонович – мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи вилоят ба аҳли толор расонида шуд. Дар чорабинӣ аъзоёни
Шӯрои ҳамоҳангсозии шаҳр, шаҳрвандони фахрӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, барпокунандагони сохти конститутсионӣ, собиқадорони ҷанги Афғонистон, қисмҳои низомии гарнизони Суғд, Горди миллӣ, Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадот ва кормандони мақомоти иҷроия иштирок доштанд. Баъдан аз тарафи Раиси шаҳри Чкалов Р. Каримхоҷаева барои заҳмати шабонарӯзӣ ба хотири ҳифзу сулҳу суббот ва оромиву осоиши халқ, садоқат ба Сарқонуни давлат, Президенти кишвар ва муқаддасоти миллӣ ба 15 нафар пешқадамони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишону сипосномаҳо ва тӯҳфаҳои хотиравӣ аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр супорида шуд. Дар фарҷом аз тарафи бахши фарҳанги шаҳр баҳри фараҳу шодии иштирокчиёни чорабинӣ консертӣ идона барпо гардид.
Просмотров: 813 | Добавил: Ganbit | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

Форма входа

Архив записей