Приветствую Вас Гость • Регистрация • Вход • RSS
Пятница, 17.5.2024, 13:40
http://pravda-pro-kredit.ru/
Главная » 2013 » Март » 05
В честь 20-летия образования Вооруженных Сил Республики Таджикистан по инициативе сектора молодежи, спорта и туризма города проводится ряд мероприятий. Накануне празднования был организован День открытых дверей в войсковых частях 051056 и 01972, расположенных в городе с участием студентов горно-металлургического института Таджикистана и учащихся старших классов школ города. Первым делом ребята посетили управление дивизии, где расположено несколько войсковых частей. Здесь проходило знакомство с боевым оружием и боеприпасами. Перед каждым оружием стоял военнослужащий, который рассказал о его истории. Ребята участвовали в разборке и сборке оружия. Затем они направились в солдатскую казарму, столовую и другие бытовые помещения, беседовали с военнослужащими, которые призваны с разных уголков нашей республики.

В войсковых частях, где они побывали, молодежь выразила благодарность за теплую встречу и на добрую память подарили подарки ... Читать дальше »
Просмотров: 617 | Добавил: Ganbit | Дата: 05.03.2013 | Комментарии (0)

Ба ифтихори фарорасии фасли зебои табиат, баҳори файзбор ва таҷлили «Рӯзи Модар» санаи 2-марти соли 2013 дар қаламравии шаҳр ва Ҷамоати шаҳраки Палос, ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси шаҳр Каримхоҷаева Р.Д. шанбегии умумишаҳрӣ ва корҳои ободониву ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Дар ин ҳамоиш кормандони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон баҳри ободу зебо гардонидани назди хонаву дар, маҳалла ва коргоҳҳои худ камари ҳиммат бастанд.

Аз субҳи содиқ дар тамоми гӯшаву канори шаҳр кор оғоз гардида, тоза намудани ҷӯйборҳо, гирифтани дарахтони садамавӣ, шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, буттаву гулҳои ороишӣ оғоз гардида буд.

Баҳори ҳуҷастапай аз омадани худ хабар дода, шамоли сеҳрун ва бӯи муаттараш ҳавасу орзуҳоро ба дуриҳои дур мебурд, ки аз ояндаи файзбори ватанамон шаҳодат медод.

Бояд зикр намуд, ки дар ин кори хайр кормандони раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаи давлатии «Восто ... Читать дальше »
Просмотров: 517 | Добавил: Ganbit | Дата: 05.03.2013 | Комментарии (0)

Санаи 22 феврали соли ҷорӣ бахшида ба таҷлилӣ 20-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар театри русӣ-драммавии ба номи А.С. Пушкини шаҳри Чкалов тантанаи идона бо ворид гардидани Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон ва садо додани суруди миллӣ баргузор гардид. Тантанаи идона бо сухани табрикотии Раиси шаҳр Р. Каримхоҷаева ифтитоҳ гардида, табрикоти Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Қоҳир Расулзода аз тарафи Усмонов Қобилҷон Усмонович – мудири шӯъбаи нақлиёт ва коммуникатсияи вилоят ба аҳли толор расонида шуд. Дар чорабинӣ аъзоёни
Шӯрои ҳамоҳангсозии шаҳр, шаҳрвандони фахрӣ, собиқадорони ҷангу меҳнат, барпокунандагони сохти конститутсионӣ, собиқадорони ҷанги Афғонистон, қисмҳои низомии гарнизони Суғд, Горди миллӣ, Кумитаи давлатии ҳифзи сарҳадот ва кормандони мақомо ... Читать дальше »
Просмотров: 813 | Добавил: Ganbit | Дата: 05.03.2013 | Комментарии (0)

Баҳри амалигардонии дастури Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Қоҳир Расулзода бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 20-умин солгарди Рузи Артиши Милли Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов аз оғози моҳи феврали соли равон мусобиқаҳоро оид ба намудҳои футбол, муштзанӣ, гӯштини тарзи озод ва юнонӣ – румӣ, варзиши сабук, вазнбардорӣ ва волейбол ташкил намуда истодааст. Дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба варзиши сабук варзишгарони ҷавони шаҳр, хонандагони муассисаҳои таълимии №3, №10, гимназияи №1 ва 2, литсейи №1 ва Ҷамоати шаҳраки Палос бо тайёрии баланди варзишӣ иштирок намуданд. Дар ҳайати даставӣ варзишгарони гимназияи №1 соҳиби ҷои аввал, дастаи Ҷамоати шаҳраки Палос соҳиби ҷои дуюм ва ҷои сеюм насиби варзишгарони мактаби №10 гардид. Бинобар иттилои мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр фаъолнокии талабагон ва малакаи варзишии онҳо дар мусобиқаҳо сол аз сол боло рафта исто ... Читать дальше »
Просмотров: 569 | Добавил: Ganbit | Дата: 05.03.2013 | Комментарии (0)

Бо ибтикори Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Қоҳир Расулзода дар шаҳрҳои саноатӣ гузаронидани ярмарка фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Санаи 16 феврали соли 2013 дар доираи чорабиниҳои таҷлили 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи истироҳатӣ фарҳангии ба номи С.Айнии шаҳри Чкалов ярмарка фуруши кишоварзӣ ташкил карда шуд. Дар ярмарка соҳибкорон ва деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Спитамен, Шаҳристон ва Б.Ғафуров маҳсулотҳои худро ба монанди: пиёз, картошка, сабзӣ, карам, гушти гусфанд, моҳӣ, асал, биринҷ, мош, нахӯд зиёда аз 32 номгӯй ба фурӯш бароварданд. Сифати маҳсулотҳо аз ҷониби комиссияи савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр назорат гардида, нархи маҳсулотҳо нисбат ба нархи бозори дохлишаҳрӣ 30-40 фоиз арзон арзёбӣ карда шуданд.

Тибқи маълумоти шӯъбаи рушди иқтисод ва сав ... Читать дальше »

Просмотров: 602 | Добавил: Ganbit | Дата: 05.03.2013 | Комментарии (0)

Дар доираи чорабиниҳои таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов ва Иттифоқи ҷавонони шаҳри Чкалов Рӯзи дарҳои кушодро дар қисмҳои низомии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷисми низомии 01972 Дивизияи гарнизони вилояти Суғд бо иштироки ҷавонони синни тодаъватии Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ металлургии Тоҷикистон, хонандагони гимназияьои №1,2 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4, №3 доир намуд. Зимни саёҳати ҷавонони синни тодаъватӣ дар ин қисмҳои низомӣ иштирокчиён аз ҳаёту фаъолияти сарбозон, низоми хизмати ҳарбӣ, шароити маишиву, донишандӯзии ҳарбӣ, боздид аз қисмҳои нигоҳдории техника ва яроқи ҷангӣ шиносоӣ пайдо намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр ... Читать дальше »

Просмотров: 799 | Добавил: Ganbit | Дата: 05.03.2013 | Комментарии (0)

ар партави чорабиниҳои ободониву кабудизоркунӣ таҳти шиори «20 рӯзи ободонӣ — ба шарафи 20 солагии Артиши миллӣ » 9 феврали соли ҷори маъракаи ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар қаламрави шаҳр ва Ҷамоати шаҳраки Палос бо ҷалби ҷомеаҳои меҳнатии соҳаҳои хоҷагию манзилии коммуналӣ, маорифу тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ муассисаҳои давлатию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдо ва бозорҳои шаҳр дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ гузаронида шуд. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби иштирокчиёни ин маърака зиёда аз 450 бех ниҳолҳои ҳамешасабз дар кӯчаҳои Чкалов, Гурянов, Камоли Хуҷандӣ, А.Рӯдакӣ шинонида шудаанд. Аз ҷумла, баровардани партовҳо аз майдону кӯчаҳо ба миқдори 91.45 м.куб, тоза намудани ҷуйборҳо ба масофаи 4130 м.т, побелкунии майдонҳо ба масоҳати 4.1 га. ба роҳ монда шуданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ободониву кабудизоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Чкалов давоми ин маърака корҳои барқарор намудани ч ... Читать дальше »
Просмотров: 517 | Добавил: Ganbit | Дата: 05.03.2013 | Комментарии (0)

Бахри тадбики ҳидояти Президенти кишвар Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомали Раҳмон ва дастуру супоришхои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода санаи 8 феврали соли 2013 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов барои 25 нафар ятимон, ки аз меҳри падару модар маҳруманд дастурхони идона ташкил карда шуд. Ба наврасон аз номи Раиси вилояти Суғд либос ва пойафзолҳо тақдим гардида баҳри болида хотирии кӯдакон барномаи фарҳанги ва бозиҳои шавқовар аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳр ва гимназияи №1 ташкил карда шуд. Кӯдакон миннатдории беандозаи худро ба Раиси вилояти Суғд ва роҳбарияти шаҳр изҳор намудаанд.

Чи хеле, ки зимни баромади худ муовини Раиси шаҳр Мақсудҷон Махсудов қайд намуд «имрӯз давлату ҳукумат аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ша ... Читать дальше »
Просмотров: 816 | Добавил: Ganbit | Дата: 05.03.2013 | Комментарии (0)

Форма входа

Архив записей