Приветствую Вас Гость • Регистрация • Вход • RSS
Пятница, 17.5.2024, 14:03
http://pravda-pro-kredit.ru/
Главная » 2013 » Март » 5 » Дастгирии ятимон дар ш.Чкалов
13:21
Дастгирии ятимон дар ш.Чкалов
Бахри тадбики ҳидояти Президенти кишвар Ҷаноби Оли муҳтарам Эмомали Раҳмон ва дастуру супоришхои Раиси вилояти Суғд муҳтарам Қоҳир Расулзода санаи 8 феврали соли 2013 аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов барои 25 нафар ятимон, ки аз меҳри падару модар маҳруманд дастурхони идона ташкил карда шуд. Ба наврасон аз номи Раиси вилояти Суғд либос ва пойафзолҳо тақдим гардида баҳри болида хотирии кӯдакон барномаи фарҳанги ва бозиҳои шавқовар аз ҷониби шуъбаи маорифи шаҳр ва гимназияи №1 ташкил карда шуд. Кӯдакон миннатдории беандозаи худро ба Раиси вилояти Суғд ва роҳбарияти шаҳр изҳор намудаанд.

Чи хеле, ки зимни баромади худ муовини Раиси шаҳр Мақсудҷон Махсудов қайд намуд «имрӯз давлату ҳукумат аз ҷумла мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов тамоми имкониятҳоро барои ҳамаҷониба ба камол расонидани насли наврас, беҳтар намудани шароити иҷтимоию маишии кӯдакони ятим, тарбияву донишандӯзии наврасони бепарастор равона менамояд». Ҳамчунин ба ин иқдом таваҷҷӯҳи вакилони мардуми ва иттиҳодияҳои ҷамъияти ҷалб гардид.

Бояд қайд намуд, ки тибқи дастури Раиси шаҳр Каримхоҷаева Рухсора Давлатбековна давоми соли ҷори чунин иқдомҳо барои боз 176 нафар кӯдаконе, ки бе парастории волидайн мондаанд, ташкил карда мешавад.

Зикр кардан ба маврид аст, ки тибқи маълумоти шуъбаи маорифи шаҳр дар шаҳри Чкалов 176 нафар бе падар, 22 нафар бе модар ва 25 нафар умуман бе волидайн дар муассисаҳои таълими тарбия гирифта истодаанд. Чуноне, ки мудири шуъбаи маорифи шаҳр Муҳаббат Ҳомидова иброз дошт ҷиҳати дастгирии кӯдакони ятиму бепарастор нақшаи чорабиниҳои амалии мақомоти иҷроияи шаҳри Чкалов таҳия гардида, тадбиқи он марҳила ба марҳила бо баргузории маросимҳои хатнасур, ҷудо намудани аёниятҳо ва китобҳои дарсии ройгон, таъмини чунин хонандагон бо либосҳои зимистонаву баҳорона, сафарбар намудани онҳо ба истироҳатгоҳҳои тобистона ва обунакунй ба рӯзномаҳои даврии бачагонаи «Корвони умед», «Лочин» ва «Сомониён» аз ҳисоби буҷети маҳаллй ба роҳ монда хоҳад шуд.

Просмотров: 817 | Добавил: Ganbit | Рейтинг: 5.0/1
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

Форма входа

Архив записей