Приветствую Вас Гость • Регистрация • Вход • RSS
Пятница, 17.5.2024, 14:30
http://pravda-pro-kredit.ru/
Главная » 2013 » Март » 5 » Ярмаркаи фуруши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Чкалов
13:45
Ярмаркаи фуруши маҳсулоти кишоварзӣ дар шаҳри Чкалов

Бо ибтикори Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Қоҳир Расулзода дар шаҳрҳои саноатӣ гузаронидани ярмарка фуруши маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳукми анъана даромадааст. Санаи 16 феврали соли 2013 дар доираи чорабиниҳои таҷлили 20-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар боғи истироҳатӣ фарҳангии ба номи С.Айнии шаҳри Чкалов ярмарка фуруши кишоварзӣ ташкил карда шуд. Дар ярмарка соҳибкорон ва деҳқонони хоҷагиҳои кишоварзии ноҳияҳои Ҷ.Расулов, Спитамен, Шаҳристон ва Б.Ғафуров маҳсулотҳои худро ба монанди: пиёз, картошка, сабзӣ, карам, гушти гусфанд, моҳӣ, асал, биринҷ, мош, нахӯд зиёда аз 32 номгӯй ба фурӯш бароварданд. Сифати маҳсулотҳо аз ҷониби комиссияи савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр назорат гардида, нархи маҳсулотҳо нисбат ба нархи бозори дохлишаҳрӣ 30-40 фоиз арзон арзёбӣ карда шуданд.

Тибқи маълумоти шӯъбаи рушди иқтисод ва савдои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов бо мақсади дар бозорҳои шаҳри Чкалов ба танзим даровардани нархи гӯшт ва дигар маводҳои аввалияи хӯрока ва баҳри паст кардани баландшавии арзиши молҳои ниёзи мардум дар соли 2012 ва моҳи январи соли 2013 бо дастгирии Раёсати кишоварзии вилоят, Иттифоқи ҷамъиятҳои матлуботи вилояти Суғд, хоҷагиҳои кишоварзии шаҳри Исфара ва ноҳияи Шаҳристон барои мардуми шаҳри Чкалов 26 маротиба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардида, ба миқдори умумии 985 тонна маҳсулот барои фурӯш бароварда шуд.

Просмотров: 603 | Добавил: Ganbit | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

Форма входа

Архив записей