Приветствую Вас Гость • Регистрация • Вход • RSS
Пятница, 17.5.2024, 15:35
http://pravda-pro-kredit.ru/
Главная » 2013 » Март » 5 » Чорабиниҳои таҷлили Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар шаҳри Чкалов
13:40
Чорабиниҳои таҷлили Рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ дар шаҳри Чкалов

Дар доираи чорабиниҳои таҷлили 20-умин солгарди Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов дар ҳамкорӣ бо Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Чкалов ва Иттифоқи ҷавонони шаҳри Чкалов Рӯзи дарҳои кушодро дар қисмҳои низомии 051056 Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷисми низомии 01972 Дивизияи гарнизони вилояти Суғд бо иштироки ҷавонони синни тодаъватии Донишгоҳи давлатии кӯҳӣ металлургии Тоҷикистон, хонандагони гимназияьои №1,2 мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №4, №3 доир намуд. Зимни саёҳати ҷавонони синни тодаъватӣ дар ин қисмҳои низомӣ иштирокчиён аз ҳаёту фаъолияти сарбозон, низоми хизмати ҳарбӣ, шароити маишиву, донишандӯзии ҳарбӣ, боздид аз қисмҳои нигоҳдории техника ва яроқи ҷангӣ шиносоӣ пайдо намуданд. Дар анҷоми чорабинӣ дар вазъияти тантанавӣ туҳфаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр ва кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳр супорида шуданд. Дар ҷамъомади идона роҳбари маркази иттилоот ва таблиғоти кумиҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд С. Юнусов, муовини Раиси шаҳри Чкалов М. Махсудов, раиси кумиҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Чкалов М. Холматова ва Раиси Иттифоқи ҷавонони шаҳр Чкалов А. Сангинов бобати аҳамият ва дастовардҳои беназири Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таъмини амният ва якпорчагии марзи Тоҷикистони соҳибистиқлол баромадҳои пурмуҳтаво намуданд. Чорабинӣ бо аёдати собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳр идома ёфта, аз тарафи гуруҳи корӣ Ҳазратқулов Амонқул ва Сурен Акопянси 95 сола хабар гирифта шуданд.

Чи хеле, ки раиси Иттифоқи ҷавонони шаҳри Чкалов Абдунаби Сангинов иттилоъ дод, дар доираи ин ҷашни бузург дар қаламрави шаҳр як зумра чорабиниҳо: спартакиадаҳои варзишӣ — ҳарбӣ байни қисмҳои низомӣ, муассисаҳои таълимӣ бо унвони «Ҳомии Ватан», барномаҳои фарҳангӣ ва ташкили дастархони идона барои қисмҳои низомӣ, баргузории озмунҳои «Ватанпарвар» гузаронида шуданд. Имрӯзҳо аз ҳисоби ҷавонони пешқадам ва гирандагони стипендияи Раиси шаҳр гурӯҳи «Темурчиён» таъсис ёфта, ҳамарӯза аёдати собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, нафақахӯрони Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ монда шудааст.

Просмотров: 800 | Добавил: Ganbit | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

Форма входа

Архив записей