Приветствую Вас Гость • Регистрация • Вход • RSS
Пятница, 17.5.2024, 15:54
http://pravda-pro-kredit.ru/
Главная » 2013 » Март » 5 » Мусобиқаҳои Ҳомии Ватан
13:52
Мусобиқаҳои Ҳомии Ватан
Баҳри амалигардонии дастури Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам Қоҳир Расулзода бобати дар сатҳи баланд таҷлил намудани 20-умин солгарди Рузи Артиши Милли Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳри Чкалов аз оғози моҳи феврали соли равон мусобиқаҳоро оид ба намудҳои футбол, муштзанӣ, гӯштини тарзи озод ва юнонӣ – румӣ, варзиши сабук, вазнбардорӣ ва волейбол ташкил намуда истодааст. Дар мусобиқаи шаҳрӣ оид ба варзиши сабук варзишгарони ҷавони шаҳр, хонандагони муассисаҳои таълимии №3, №10, гимназияи №1 ва 2, литсейи №1 ва Ҷамоати шаҳраки Палос бо тайёрии баланди варзишӣ иштирок намуданд. Дар ҳайати даставӣ варзишгарони гимназияи №1 соҳиби ҷои аввал, дастаи Ҷамоати шаҳраки Палос соҳиби ҷои дуюм ва ҷои сеюм насиби варзишгарони мактаби №10 гардид. Бинобар иттилои мудири Бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии шаҳр фаъолнокии талабагон ва малакаи варзишии онҳо дар мусобиқаҳо сол аз сол боло рафта истодааст. Чунин мусобиқаҳо байни ҷомеаҳои меҳнатӣ, қисмҳои низомӣ идома дорад ва ҷамъбасти ин мусобиқот дар вазъияти тантанавӣ ҷамъбаст хоҳад гардид. Танҳо давоми моҳҳои январ–феврали соли ҷорӣ дар мусобиқаҳои вилоятиву ҷумҳуриявӣ варзишгарони шаҳр дар намуди варзиши сабук соҳиби 3 медали тилло, 4 медали нуқра ва 4 медали биринҷӣ гардиданд. Варзишгари ҷавон Юлдошев Иброҳим дар мусобиқаи Ҷоми ҷаҳон оид ба намуди Карате-до «Шотокан» дар шаҳри Волгогради Федератсияи Руссияи байни 10 давлати дунё, финалисти Ҷоми ҷаҳон гардид.
Просмотров: 570 | Добавил: Ganbit | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

Форма входа

Архив записей