Приветствую Вас Гость • Регистрация • Вход • RSS
Пятница, 17.5.2024, 14:30
http://pravda-pro-kredit.ru/
Главная » 2013 » Март » 5 » Маъракаи ободониву ниҳолшинонй дар ш.Чкалов
13:25
Маъракаи ободониву ниҳолшинонй дар ш.Чкалов
ар партави чорабиниҳои ободониву кабудизоркунӣ таҳти шиори «20 рӯзи ободонӣ — ба шарафи 20 солагии Артиши миллӣ » 9 феврали соли ҷори маъракаи ободонӣ ва ниҳолшинонӣ дар қаламрави шаҳр ва Ҷамоати шаҳраки Палос бо ҷалби ҷомеаҳои меҳнатии соҳаҳои хоҷагию манзилии коммуналӣ, маорифу тандурустӣ, корхонаҳои саноатӣ муассисаҳои давлатию иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, марказҳои савдо ва бозорҳои шаҳр дар рӯҳияи меҳанпарастӣ ва ифтихори миллӣ гузаронида шуд. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби иштирокчиёни ин маърака зиёда аз 450 бех ниҳолҳои ҳамешасабз дар кӯчаҳои Чкалов, Гурянов, Камоли Хуҷандӣ, А.Рӯдакӣ шинонида шудаанд. Аз ҷумла, баровардани партовҳо аз майдону кӯчаҳо ба миқдори 91.45 м.куб, тоза намудани ҷуйборҳо ба масофаи 4130 м.т, побелкунии майдонҳо ба масоҳати 4.1 га. ба роҳ монда шуданд.

Тибқи нақшаи чорабиниҳои ободониву кабудизоркунии мақомоти иҷроияи ҳокимиятии давлатии шаҳри Чкалов давоми ин маърака корҳои барқарор намудани чароғҳои равшанидиҳии кӯчаҳо ва хиёбону гулгаштҳо, шинонидани чароғакҳои рақамии танзими ҳаракати роҳ, буриши санитарии шохҳои дарахтон ва гирифтани дарахтони садамавию бемор ба иҷро расонида хоҳанд шуд.
Просмотров: 518 | Добавил: Ganbit | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

Форма входа

Архив записей