Приветствую Вас Гость • Регистрация • Вход • RSS
Пятница, 17.5.2024, 16:14
http://pravda-pro-kredit.ru/
Главная » 2013 » Март » 5 » Ободонӣ — мароми мост.
14:02
Ободонӣ — мароми мост.
Ба ифтихори фарорасии фасли зебои табиат, баҳори файзбор ва таҷлили «Рӯзи Модар» санаи 2-марти соли 2013 дар қаламравии шаҳр ва Ҷамоати шаҳраки Палос, ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Раиси шаҳр Каримхоҷаева Р.Д. шанбегии умумишаҳрӣ ва корҳои ободониву ниҳолшинонӣ гузаронида шуд. Дар ин ҳамоиш кормандони ташкилоту муассисаҳо новобаста аз шакли моликияташон баҳри ободу зебо гардонидани назди хонаву дар, маҳалла ва коргоҳҳои худ камари ҳиммат бастанд.

Аз субҳи содиқ дар тамоми гӯшаву канори шаҳр кор оғоз гардида, тоза намудани ҷӯйборҳо, гирифтани дарахтони садамавӣ, шинонидани дарахтони сояафкану мевадиҳанда, буттаву гулҳои ороишӣ оғоз гардида буд.

Баҳори ҳуҷастапай аз омадани худ хабар дода, шамоли сеҳрун ва бӯи муаттараш ҳавасу орзуҳоро ба дуриҳои дур мебурд, ки аз ояндаи файзбори ватанамон шаҳодат медод.

Бояд зикр намуд, ки дар ин кори хайр кормандони раёсати хоҷагии манзилию коммуналӣ, корхонаи давлатии «Востокредмет», маорифу тандурустц, мақомотьои ҳифзи ҳуқуқ, қисмҳои низомӣ, раисони маҳаллаҳои шаҳр иштирок намуданд.

Албатта дар ин шабу рӯз ба тартиб даровардани хонаву дар, тозаву озода кардани кӯчаву гулгаштҳо мароми мардуми мо буда эҳтиром ба суннатҳои аҷдодии мо мебошад.

Ҳамоиши доиргардида барои ободонии шукуфонии шаҳри азизамон равона гардида буда корҳои ободониву кабудизоркунӣ ва созандагиву бунёдкориҳо идома хоҳад ёфт.
Просмотров: 518 | Добавил: Ganbit | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

Форма входа

Архив записей