Приветствую Вас Гость • Регистрация • Вход • RSS
Пятница, 3.5.2024, 04:59
http://pravda-pro-kredit.ru/
Главная » 2013 » Март » 8 » Эҳтиромдошти «Рӯзи модар»
10:45
Эҳтиромдошти «Рӯзи модар»
Санаи 6-март бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов дар толори барҳавои тарабхонаи Ганҷинаи шаҳр «Рӯзи модар» бо ҳама шаҳоматаш таҷлил карда шуд. Дар чорабинӣ занону бонувони фаъоли ҳамаи корхонаву ташкилотҳои шаҳрӣ ва Ҷамоати шаҳраки Палос иштирок доштанд.

Ҷамъомади тантанавиро Раиси шаҳри Чкалов мӯҳтарама Каримхоҷаева Рухсора Давлатбековна ифтитоҳ намуда, ҳозиринро ба муносибати Рӯзи модар ва айёми истиқболи баҳори фаррухпай самимона табрик гуфта, саломативу хушбахтӣ, рӯзгори пурсаодат, хонадони ободу осуда ва тамоми хушиҳои рӯзгорро орзу намуд. + зимни баромади худ Донаева Ҷаҳонгул шаҳрванди маҳаллии Дӯстии шаҳр, ки дар чорабинӣ иштирок дошта ба синни мубораки 100 расидаанд табрику таҳният намуда тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид. 

Дар чорабинии идона бахшида ба «Рӯзи модар» намояндаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд мудири ташкилӣ ва кор бо кадрҳои дастгоҳи раиси вилоят Рашидов Убайдулло Рашидович иштирок намуда табрикоти Раиси вилоят мӯҳтарам Қоҳир Расулзодаро ба унвонии кулли модарони шаҳр расонид.

Аз тарафи бахши фарҳанги мақомоти иҷроия, театри русӣ-драммавии ба номи А.С. Пушкин, мактаби Президенти ва кӯдакистонҳои шаҳр ҷамъомади «Рӯзи модар» дар гирди хони идона бо қироати шеъру суруд ва рақсу саҳначаҳои дилошӯб ба итмом расид.


Просмотров: 804 | Добавил: Ganbit | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

Форма входа

Архив записей