Приветствую Вас Гость • Регистрация • Вход • RSS
Пятница, 3.5.2024, 06:44
http://pravda-pro-kredit.ru/
Главная » 2013 » Март » 8 » Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
10:48
Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Санаи 7 марти соли 2013 баҳри иҷроиши барқияи Раиси дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолзанони кишвар, ки бахшида ба «Рӯзи модар» дар маҷмӯаи Коҳи Борбади пойтахт баргузор гардида буд дар ташкилоту муассисаҳои шаҳрӣ, Ҷамоати шаҳраки Палос, маҳаллаҳо, чойхонаҳо, тамошои дастҷамъонаи мулоқот тавассути телевизиони ҷумьурӣ доир гардид. Аз он ҷумла, дар толори хурди мақомот бо иштироки 70 нафар, корхонаи давлатии «Востокредмет» ва зертобеъҳои он 250 нафар, шӯъбаи маориф ва макотиби миёна 550 нафар, Донишгоҳи кӯҳӣ-металлургии Тоҷикистон 320 нафар, беморхонаи шаҳрӣ ва шӯъбаҳои он 340 нафар, маҳаллаи «Дӯстӣ» бо иштироки собиқадорони ҷангу меҳнат 50 нафар, қисмҳои низомии дар ҳудуди шаҳр воқеъбуда 1000 нафар, Ҷамоати шаҳраки Палос 300 нафар тамошои телевизионии мулоқоти мазкур сурат гирифт.

Бояд тазаккур дод, ки аз тамошои телевизионии мулоқот бо фаъолзанони кишвар, ки бо Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир гардид иштирокдорон таасуроти зиёд ва меҳру муҳаббат оиди зан – модар, ки сарчашмаи хушнашавандаи ҳаёти инсоният мебошад, гирифтанд. Дар жамъбасти чорабинии мазкур бори дигар низ аз тарафи масъулон ва роьбарияти корхонаву ташкилотьои мазкур «Рӯзи модар» ба ҳамаи модарону бонувони шаҳр табрик гуфта шуд.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Чкалов дар оянда низ баҳри дастуру супоришҳои Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд мӯҳтарам  Қоҳир Расулзода тамоми чораҳои заруриро баҳри баланд бардоштани мавқеи зан дар ҷомеа меандешад.
Просмотров: 581 | Добавил: Ganbit | Рейтинг: 0.0/0
Всего комментариев: 0
Добавлять комментарии могут только зарегистрированные пользователи.
[ Регистрация | Вход ]

Форма входа

Архив записей